Дар Тошканд Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд

    5 октябри соли равон дар Тошканд Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 6-13 октябр баргузор мешавад, ташкил карда шуд.

    Дар маросими ифтитоҳи Форум муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев, президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер, вазири оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ва намояндагони дигари вазорату идораҳо иштирок карданд.

    Трендҳо дар соҳаи бонк, молия, технология ва IT дар рӯзномаи ҷаласа буданд. Илова бар ин, ширкаткунандагон масъалаҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

    Дар байни иштироккунандагони он намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони федератсияҳо, иттифоқҳо, конфедератсияҳои дзюдои мамлакатҳои гуногун, намояндагони ташкилотхои байналхалқӣ ва институтҳои молиявии байналхалқӣ буданд.

    Ҷамшед Хоҷаев дар суханронии худ ба самтҳои ояндадор, аз қабили энергетикаи алтернативӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд кард, ки Ӯзбекистон нақша дорад, ки то соли 2030 истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро қариб 30 фоиз афзоиш диҳад.

    Таваҷҷуҳи иштирокдорон инчунин ба технологияҳои рақамӣ дар саросари ҷаҳон ҷалб карда шуд, ки дар он рақобатпазирии ҳар як кишвар бевосита аз навоварӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, рушди иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун муҳаррики асосӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад.

    Таъкид гардид, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми содироти маҳсулоти нимфазорро даҳ баробар, суръати рақамикунониро 70 фоиз ва иқтидорҳои дахлдори шабакаҳоро панҷ баробар зиёд кардан ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, ҳиссаи шабакаи технологияҳои рақамӣ дар ММД то 4 фоиз дар назар аст.

    Дар доираи форум вохӯриҳои B2B ва B2G баргузор гардида, инчунин Ёддошти ҳамкорӣ байни I-Cell ва Кумитаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates