Дар Тошканд консерти идонаи «Алвидоъ боғчаи бачагон — салом мактаб!» баргузор гардид

    Таълим 26 May 2023 2391

    25 май дар Кохи санъати «Дӯстии халқҳо» консерти идона таҳти унвони «Алвидоъ, боғча — салом мактаб!» барпо гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси шаҳри Тошканд дар назар аст, ки аз соли оянда ҳамасола дар саросари кишвар баргузор шавад.

    Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини муттасилӣ ва пайдарпайии марҳилаҳои таълим, ба роҳ мондани ҳамгироии таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ, фаъол гардонидани ҳамкорӣ бо волидон ва ба куллӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии кӯдакон ба таҳсил мебошад.

    Ҳоло дар мамлакати мо қариб 30 ҳазор муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион нафар писарону духтарон таҳсил мекунанд. Аз ин шумор дар соли таҳсили 2022/2023 563331 нафар тарбиятгирандагон боғчаро хатм мекунанд.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии тарбияи томактабӣ, дар соли таҳсили 2023/2024 ба мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии мо фаро гирифтани 732 ҳазору 960 нафар хонандагон ба синфи 1 дар назар аст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates