Дар Тошканд нахустнамоиши филми “Баҳодир Ялангтӯш” баргузор шуд

    Фарҳанг 31 May 2024 1823

    30 май дар Қасри синамо нахустнамоиши филми бадеӣ-таърихии “Баҳодир Ялангтӯш”, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба навор гирифта шудааст, баргузор шуд.

    Навор ба Амир Баҳодур Ялангтӯш, сарлашкари бузург, ки дар замони Аштархониён (асри XVII) умр ба cap бурда, пуштибони илм ва асосгузори майдони Регистони ба ҷаҳон машҳур буд, бахшида шудааст. Ин достон дар бораи аҷдоди фидокори мо, ҳаёт, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои қаҳрамононаи ӯ аст.

    «Дар назди ҳайати эҷодӣ таҳти роҳбарии режиссёр Ҷаҳонгир Аҳмедов вазифаҳои бузург гузошта шуда буданд: таърихамонро тавассути синамо ба ҷаҳониён расонида, дар насли имрӯза ҳисси ифтихорро аз он тарбия намоем. Ба фикрам, филми «Баҳодир Ялангтӯш» ин вазифаи муҳимро иҷро карда метавонад. Ман ҳамаи иштирокдоронро самимона табрик мекунам», — навиштааст ёрдамчии аввали Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева дар Telegram канали худ.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates