Дар ярмаркаи мазкур субъектҳои хоҷагидорие, ки дар кишварамон фаъолият доранд, намояндагони иттифоқҳои касаба, муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси соҳаи сайёҳӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои суғурта ва дигар ташкилотҳои манфиатдоре, ки маҳсулот ва хидматҳои худро пешниҳод мекунанд, ширкат варзиданд.
Бо иштироки корхонаю ташкилотҳое, ки дар соҳаи туризми дохилӣ фаъолият доранд, дар асоси механизмҳои «соҳибкор-соҳибкор» (В2В) ва «соҳибкор-мизоҷ» (В2С) вохӯриҳо ташкил карда шуда, дар рафти онҳо шартномаву созишномаҳо баста шуданд.
Садои карнайю сурнай ва баромади ансамблҳои фолклорӣ дар кӯчаи ҳунармандон дар ҳудуди маҷмаа ба чорабинӣ чеҳраи хосса зам кард.