Дар Тошканд марафони байналмилалии "Наврӯз" ва ниммарафони СҲШ баргузор шуд

    Варзиш 28 Mart 2022 2917

    Дар пойтахт марафони IV анъанавии байналмилалии «Наврӯз» ва ниммарафони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Мусобиқаи ҳозира ба ҳамаи иштироккунандагону меҳмононаш як навъ табъи баҳорӣ бахшид. Ин ҷашнвораи варзишӣ бо ташаббуси Вазорати рушди варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи атлетикаи сабуки Ӯзбекистон, ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Агентии кор бо ҷавонон ташкил карда шуд.

    Ин ниммарафони СҲШ бори аввал дар кишвари мо ташкил карда шуд. Шаҳодатномаи сохтори байналмилалии AIMS категорияи «А» дорад. Ин маънои онро дорад, ки ширкати варзишгарони касбӣ дар ниммарафони СҲШ, худи масири марафон, раванди баргузории он ва натиҷаҳоро коршиносони байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Ба ин мусобиқаи бонуфуз коршиносони техникии Федератсияи байналмилалии варзиши сабук ва AIMS Иля Михайловский ва Адрианус Стивенс баҳо доданд.

    Дар марафон дар маҷмӯъ беш аз 2500 нафар ширкат карданд. Мусобиқа бори чаҳорум ба эътирофи на танҳо ҳамватанони мо, балки коршиносони байналмилалӣ низ сазовор мегардад. Инро, махсусан, вазири рушди варзиш Адҳам Икромов ва котиби генералии КМО Ойбек Қосимов, ки дар маросими ифтитоҳ ба сухан баромаданд, қайд карданд. Масъулин дар баромади худ аз ислоҳоти самти тарғиби варзиши оммавӣ дар байни аҳолӣ, таъсири мусбати давидан ба саломатии инсон, ки аз ҷониби Президент амалӣ мегарданд, махсусан қайд карда намуданд.

    Имсол ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё Отабек Умаров ба унвони меҳмони фахрӣ аз марафон дидан кард. Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини вазири рушди варзиш Шаҳрилло Маҳмудов, муовинони раиси Кумитаи миллии олимпӣ Равшан Эрматов, Азизҷон Комилов, Шезрод Ташматов, президенти Кумитаи миллии паралимпӣ Мухторхон Тошхожаев, роҳбарияти Федератсияи варзиши Ӯзбекистон, садҳо варзишгарони ватанӣ иштирок доштанд. Дар мусобиқа варзишгарон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон ширкат доштанд. Оғоз ва анҷоми марафон аз рӯи анъана дар майдони Бешоғоч дар назди Қасри яхбандии "Хумо арена" қайд карда шуд.

    Зиёда аз 100 нафар иштирокчиён варзишгарони касбӣ, боқимонда ҳаводорон ва ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим буданд. Қобили зикр аст, ки барои доварӣ дар марафон 80 нафар аз коршиносони пуртаҷриба аз саросари кишвар ҷалб шудаанд. Инчунин, 230 нафар ихтиёриён дар тӯли марафон ба доварон кӯмак карданд.

    Тибқи низомнома, дар доираи мусобиқа пойгаҳо ба масофаҳои 3 км, 10 км, 21 км, инчунин мусобиқаҳои экиденӣ, ки эстафета ба масофаи марафонӣ (42 км) мебошанд, гузаронида шуданд.

    Барои ғолибону ҷоизадорони марафон имсол аз фонди ҷоиза 30, 20 ва 10 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Ба ғайр аз ин, ҷоизадорони дигар самтҳо низ туҳфаҳо гирифтанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates