Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои узви СҲШ ширкат меварзанд.
Баъд аз мулоқот дар ҳайати маҳдуд, иштирокчиёни ҷаласа ба нишасти васеъ гузаштанд, ки дар он котиби генералии СҲШ Нурлан Ермекбоев, директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ Уларбек Шаршеев ва аъзои Шӯро, ки аз 1 январи соли ҷорӣ вазифаҳои худро ба уҳда гирифтаанд, суханронӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни чорабинӣ ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ имзо шуда, натиҷаҳои кор ҷамъбаст карда мешаванд.