Дар Тошканд Форуми бофандагии ӯзбекистониву мисрӣ баргузор мегардад

    Дар Тошканд аз 30 май то 3 июн форуми нассоҷии Ӯзбекистону Миср дар бинои Uz-Kor Textile Technopark баргузор мешавад.

    Барои ширкат дар чорабинии муштарак, ки бо дастгирии Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Миср, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи “Ўзтўқимачилик” ташкил карда шудааст, ба кишварамон намояндагони беш аз 25 корхонаҳои нассосҷии Миср омаданд.

    Бинобар маълумоти шабакаи расмии UzTextile-News, ба миссияи тиҷоратӣ раиси Ассотсиатсияи корхонаҳои нассоҷии Миср раҳбарӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби сафар ҳайати мисрӣ бо имконоти саноати нассоҷии вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва шаҳри Тошканд шинос мешавад. Ҳамчунин дар ҳар як вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ баргузории вохӯриҳои B2B дар назар аст.

    Ба гуфтаи коршиносон, Форуми нассоҷии Ӯзбекистон-Миср ба иштирокчиёни он имкони хуби ворид шудан ба бозорҳои навро фароҳам меорад, хабар медиҳад УзА.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates