Дар Тошканд конфронси иқтисодии шабакавии "Austria Connect Asia Central" баргузор мешавад

    Воқеаҳо 29 May 2022 1219

    1-3 июни соли 2022 дар Тошканд конфронси калонтарин шабакавии иқтисодӣ барои ширкатҳои Ӯзбекистон ва Австрия «Austria Connect Central Asia» таҳти шиори “Ӯзбекистон - ситораи афзоянда: имкониятҳои нав дар Роҳи бузурги абрешим” баргузор мешавад.

    Ташкилкунандагони конфронс Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, Палатаи савдо-саноати Ӯзбекистон, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Австрия, Палатаи федералии иқтисодии Австрия, Намояндагии савдои Австрия дар Осиёи Марказӣ, инчунин дигар агентию идораҳои дахлдори ҷумҳуриамон мебошанд.

    Иштироки беш аз сад ширкати австриягӣ аз минтақаҳои ҳамсоя (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, Русия, Туркия, Украина ва ғайра) дар «Austria Connect Central Asia» дар назар аст, ки онҳо дар рафти сессияҳои мухталифи чорабиниҳо дар бораи иқтидори иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, қонунгузорӣ, сиёсати фискалӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими пешбурди тиҷорат дар Ӯзбекистон маълумот дода хоҳад шуд.

    Ҳадафи аслии ин чорабинӣ рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Австрия, роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар, бастани созишномаҳои нави сармоягузорӣ ва содирот, инчунин ҷалби субъектҳои иктисодии Австрия ба ҷустуҷӯи шарикони ояндадори тиҷоратӣ мебошанд.

    Дар арафаи конфронс 30-31 майи соли 2022 боздиди ҳайати тиҷоратии навбатии Ҷумҳурии Австрия ба амал меояд, ки он дар формати “G2B” ва “B2B” бо вазорату идораҳои Ӯзбекистон ва ширкатҳои ватанӣ музокирот анҷом медиҳад, инчунин аз корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон дидан мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates