Дар Тошканд Форуми II иқтисодии СҲШ баргузор мегардад

    16-17 августи соли ҷорӣ дар Тошканд дар доираи Раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Созмони ҳамкории Шанхай Форуми II иқтисодии СҲШ баргузор мегардад.

    Анҷуман, ки бори аввал моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор шуд, худро ҳамчун як платформаи муассири муколама муаррифӣ кард, ки ба рушд ва таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар доираи Созмон мусоидат мекунад.

    Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи тарафҳо ба мушкилот ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таҳияи тадбирҳои муассир ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар фазои СҲШ мебошад.

    Ҷамъомадҳои умумӣ, ҷаласаҳои панелӣ, вохӯриҳои дуҷониба, тамосҳои b2b – рӯзномаи ғании Форум барои кушодани иқтидори иқтисоди рақамӣ, технологияҳои "сабз", ҳамкорӣ байни минтақаҳо, рушди ҳамкории сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки шарикӣ пешбинӣ шудааст.

    Анҷумани иқтисодии СҲШ на танҳо барои роҳандозии муколамаи байниҳукуматӣ, балки барои ҳамкории намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, корхонаҳо, инчунин ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои фазои СҲШ як платформаи муассир гардад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates