Дар Тошканд моҳонаи ҷавонон баргузор мешавад

    Дар Тошканд аз 15 ноябр то 15 декабри соли равон якмоҳаи ҷавонон таҳти шиори “Тошканд ҷавононро дӯст медорад” баргузор мешавад. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ, ки дар ҳокимияти шаҳри Тошканд Агентии оид ба корҳои ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор намуд, хабар доданд. Дар чорабинӣ ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир  Ортиқхўжаев, кормандони масъули агентӣ ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

    Дар доираи моҳонаи ҷавонон лоиҳаҳо дар шаш самт: "Фестивали варзишии ҷавонон", "Фестивали лоиҳаҳои зеҳнӣ", "Фестивали фарҳанг ва санъати ҷавонон", намоишгоҳҳои мӯд ва тарроҳии «Анъанавӣ ва замонавӣ», лоиҳаҳои «Таҷриба ва маҳорат" ва "Фестивали ҳарбӣ-ватандӯстии Тошканд» ташкил карда мешаванд.

    Мақсади асосӣ бедор намудани ҳисси дахлдории ҷавонон ба ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда, ошкор намудани ҷавонони ташаббускору лаёқатманд, фароҳам овардани имкониятҳо барои амалӣ намудани ташаббусҳо, баланд бардоштани шавқу рағбат ба илм, эҷодкорӣ, фарҳангу санъат мебошад.

    Ҷ. Ортиқхӯҷаев иштирокчиёни вохӯриро бо корҳои соли ҷорӣ дар пойтахт анҷом додашуда шинос намуда, қайд кард, ки шароити барои ҷавонон фароҳам овардашуда, дастгирии ташаббусҳо далели амалии таваҷҷӯҳи баланд ба насли ҷавон дар сатҳи сиёсати давлатӣ мебошад.

    30 июн – Рӯзи ҷавонон васеъ таҷлил гардид, форуми "ҳаракати панҷ ташаббус дар Тошканд"-и ҷавонон ва "Форуми донишҷӯён ва ҷавонони Ӯзбекистон" баргузор гардид, хабар медиҳад ӮзА.

    «Дар Фаронса яке аз калонтарин донишгоҳҳои ҷаҳон бинобар хидматгузорӣ – Le Cordon Bleu ҳаст, - мегӯяд Ҷ. Ортиқхӯҷаев. — Дар он ҷо менеҷерҳо ва идоракунандагони ресторанҳои бузург ва ширкатҳои хидматрасонӣ тайёр карда мешаванд. Мо ният дорем, ки 10 нафарро, ки дар моҳонаи ҷавонон фаъолона иштирок мекунанд, ба он ҷо фиристем. Хароҷоти сафар, буду бош ва таълимро ҳокимияти шаҳр пурра ба зимма мегирад. Пас аз курсҳои шашмоҳа ва нӯҳмоҳа мо барои ташкили тиҷорат шароит ва қарз медиҳем".

    Дар чорабинӣ инчунин пешниҳодҳои донишҷӯён шунида шуда, аз ҷумла пешниҳодҳо оид ба ташкили намоишгоҳи ҷавонони лаёқатманд ва ташкили семинарҳои гуногуни байналмилалии онлайнӣ барои ҷавонон тасдиқ шуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates