Дар Тошканд Форуми II байналмилалии омори ИДМ баргузор мешавад

    2-4 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми II байналмилалии омори ИДМ, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ташкил шудааст, баргузор мегардад.

    Дар форум зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, директори шӯъбаи омори СММ, директори шӯъбаи омори СММ оид ба масъалаҳои КАИ СММ, инчунин роҳбарони аввали шуъбащои омории қариб 20 мамлакати хориҷӣ ва коршиносони дигар ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок мекунанд.

    Ҳадафи асосии форум табодули таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ оид ба истифодаи васеъи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор, модернизатсияи равандҳои оморӣ дар заминаи трансформатсияи рақамӣ, баррасии масъалаҳои васеъ истифода бурдани манбаъҳои алтернативии маълумот барои ташаккули расмии омор, аз ҷумла ҳаҷми зиёди маълумот ва зеҳни сунъӣ мебошад.

    Дар ин ҳамоиш ҳамчунин вохӯриҳои роҳбарони хадамоти оморӣ, раҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, инчунин коршиносон бахшида ба 70-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви ИДМ баргузор мешаванд.

    Анҷумани мазкур дар доираи барномаи «Рушди омор дар ИДМ», ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ тасдиқ шудааст, баргузор мешавад. Рӯзҳои 12-14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми I байналмилалии омор баргузор гардид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates