Дар ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши СҲШ дар шароити нав: муттаҳид кардани саъйҳо ба хотири амнияти умумӣ, субот ва шукуфоӣ» беш аз 40 коршинос аз 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мутахассисони марказҳои миллии тадқиқотии кишварҳои узви СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикони СҲШ оид ба муколама, роҳбарияти Котиботи СҲШ ва Кумитаи Иҷроияи РАСС СҲШ гирди ҳам меоянд.
Рӯзномаи ҷаласа аз баррасии се ҷаласаи асосӣ иборат хоҳад буд, ки ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти СҲШ дар марҳилаи кунунии рушд ва рушди минбаъдаи форуми СҲШ бахшида шудаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, протоколи ҷаласа имзо шавад, ки дар он бархӯрд ва дидгоҳи кишварҳои узви СҲШ оид ба масъалаҳои баррасишуда инъикос меёбад, хабар медиҳад ӮзА.