Ҷонибҳо аҳамияти лоиҳаи мазкурро дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи иртиботи байналмилалии нақлиётӣ ва тиҷоратӣ, инчунин амиқтар кардани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт қайд намуданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба зудӣ хатҳои роҳи оҳани пешниҳодшударо дар ҷойи худ омӯхта, мунтазам вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ баргузор намуда, пас аз таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии пешакӣ ташкилотҳои молиявии байналмилалиро ба лоиҳа ҷалб намоянд, хабар медиҳад медиа-маркази иттилоотию таҳлилии «Ӯзбекистон темир йуллари».