Дар чорабинӣ президенти “BSEC URTA” Эдуарт Каса, Дабири кулли ин созмон Мехмет Уйлукчу, президенти Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) Раду Динеску, Дабири кулли IRU Умберто де Претто, муовини Котиби генералии ТДТ Мирвоҳид Азимов, муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маманбий Омаров, Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии боркашонандагони нақлиёти автомобилии Ўзбекистон Санжар Пўлатов ва намояндагони узви давлатҳои созмон иштирок карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагони Ассамблеяи генералӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди нақлиёти автомобилӣ дар минтақа, ҳамоҳангсозӣ ва соддагардонии расмиёти убури марз, ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдорро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаҳои кории Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Баҳри сиёҳ барои соли 2025 баррасӣ шуда, бар асоси натоиҷи 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии BSEC-URTA қарор қабул шуд.