Дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Ӯзбекистону Туркия баргузор шуд

    Тиҷорат 15 May 2025 2362

    14 май дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои тиҷоратии Ӯзбекистону Туркия баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ раиси Палатаи савдо ва саноат ва ҳамраиси шӯро аз ҷониби Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов, раиси Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEİK) ва ҳамраиси шӯро аз ҷониби Туркия Ӯзгюр Онур Ӯзгювен, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбута, иттиҳодияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок намуданд.

    Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ӯзбекистон ва Туркия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва самтҳои нави шарикӣ баррасӣ гардиданд.

    Ин ҷаласа дар роҳи таҳкими минбаъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори муштарак қадами муҳиме ба шумор меравад.


    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates