Дар Тошканд форуми тиҷоратии Ўзбекистон-Туркия баргузор гардид

    Тиҷорат 23 Sentabr 2022 959

    22 сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсҳои "Radisson Blu Hotel" анҷумани тиҷоратӣ ва музокироти дуҷониба дар шакли В2В бо иштироки соҳибкорони Ўзбекистон ва Туркия, ки Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи мустақили саноатчиён ва соҳибкорони Туркия “MÜSİAD” ташкил шудааст, ба амал омад.

    MÜSİAD як созмонест, ки 60 000 корхонаро намояндагӣ мекунад ва беш аз 12 500 аъзо дар дохил ва хориҷи кишвар буда, тақрибан 1 800 000 нафарро бо кор таъмин мекунад. Имрӯз ин созмон дар 164 нуқтаи 81 кишвари хориҷӣ ва 83 нуқтаи тамос дар Туркия хидмат мерасонад. Ин "Созмони ғайриҳукуматӣ" аст, ки тавсияҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳои аъзои худро ба ниҳодҳо ва созмонҳои давлатӣ мерасонад.

    Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Ислом Ҷасимов, намояндаи ассостсиатсияи тиҷоратии MÜSİAD Маҳмут Асмали, намояндаи филиали MÜSİAD дар Ӯзбекистон Сердар Келебек, инчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар Ӯзбекистон Олган Бекар нутқ эрод намуданд.

    Дар рафти форум соҳибкорони Туркия бо корҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба беҳдошти минбаъдаи муҳити сармоягузорӣ, озодгардонии иқтисодиёт, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон ба амол бароварда мешаванд, шинос шуданд.

    Дар форум ҳудуди 150 субъекти соҳибкорӣ, ки дар кишвари мо фаъолият мекунанд, ширкат варзиданд. Дар рафти музокирот инчунин пешомади рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ўзбекистону Туркия, аз он ҷумла мубодилаи ғояҳо оид ба амиқгардонии муносибатҳои шарикӣ байни корхонаҳои Ўзбекистон ва Туркия баррасӣ шуданд.

    Ҷониби Туркия ҳамчунин соҳибкорони ӯзбекистониро барои ширкат дар намоишгоҳи MÜSİAD EXPO 2022 даъват кард. Ин намоишгоҳ аз ҷониби MÜSİAD дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва имсол дар назар аст, ки беш аз 100 000 нафар меҳмонон ва намояндагон аз 124 кишвари ҷаҳонро қабул кунанд.

    Мавриди зикр аст, ки рӯзи 21 сентябр маросими ифтитоҳи филиали MÜSİAD дар Ӯзбекистон баргузор шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates