Дар он зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, директори шӯъбаи омори СММ, директори шӯъбаи омори КИА СММ, инчунин роҳбарони аввали идораҳои сохторҳои омории қариб 20 мамлакати хориҷӣ ва мутахассисони дигар ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок доранд. Ҳадафи асосии форум табодули таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ оид ба истифодаи васеъи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор, модернизатсияи равандҳои оморӣ дар заминаи трансформатсияи рақамӣ, баррасии масъалаҳои васеъ истифода бурдани манбаъҳои алтернативии маълумот барои ташаккули омори расмӣ, аз ҷумла ҳаҷми зиёди маълумот ва зеҳни сунъӣ мебошад.