Дар Тошканд мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба дзюдо оғоз ёфт

    Варзиш 5 Aprel 2022 1959

    Имрӯз, 5 апрел дар Тошканд Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо оғоз шуд. Дар тӯли чор рӯз маҷмааи варзишии «Универсал» иштирокчиёни мусобиқаҳои анъанавӣ ба хотираи Учқун Муродовро пазимроӣ менамояд.

    Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 5-8 апрел баргузор мешавад, ҳудуди 500 нафар дзюдочиёни боистеъдод ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар қатори варзишгарони ватанӣ намояндагони Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ ба майдон мебароянд.

    Ба иттилои КМО, дар рӯзи оғози мусобиқот ғолибон миёни писарон дар вазнҳои то 50, то 55 ва то 60 кг ва миёни духтарон: то 40, то 44, то 48, то 52, то 57 килограмм муайян карда мешаванд. Бозиҳои ҳаррӯзаи интихобӣ соати 10:00 ва бозиҳои ҳалкунанда соати 17:00 оғоз мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates