Дар Тошканд бори нахуст форуми маорифи Ӯзбекистону Италия баргузор мешавад

    Таълим 23 Sentabr 2024 1196

    23-27 сентябр ҳайати зиёда аз 20 ректори пешбари донишгоҳҳо бо роҳбарии вазири донишгоҳҳо ва тадқиқоти Италия Анна Мария Бернинӣ аз Ӯзбекистон боздид мекунад.

    Бино ба иттилои сафорати Узбакистон, дар ҷараёни сафар рӯзи 24 сентябр дар Тошканд бори нахуст анҷумани муштараки таълимӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Дар чорабинӣ зиёда аз 20 донишгоҳҳои пешқадами Италия, аз қабили Донишгоҳи политехникии Турин, Донишгоҳи Ка-Фоскарии Венетсия, Болоня, Пиза, Бикокка Милан, Рома Тре, Тушша ва Сиена, инчунин 46 мактабҳои олии пешқадами Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ба нақша гирифта шудааст, миёни донишгоҳҳои ду кишвар як қатор қарордодҳои ҳамкорӣ имзо шавад.

    Бахши аслии рӯзномаи ҳамоиш табодули донишҷӯён ва профессорон, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, дастгирии лоиҳаҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самт мебошад.

    Ба гуфтаи ҷониби итолиёвӣ, вазир Анна Мария Бернини ҳадафи аслии ин сафарро ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди минбаъдаи равобити муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар дар ин замина муайян кардааст.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates