Дар Тошканд нуқтаҳои газпуркунии мошинҳо муваққатан баста шуданд

    Энергетика 5 Dekabr 2022 1105

    Дар робита ба якбора паст шудани фишори газ дар шаҳр ҳокимияти Тошканд изҳорот пахш кард.

    Хабар дода мешавад, ки бинобар якбора поин рафтани ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои Тошканд дар интиқоли газ ва гармӣ бо вуҷуди он ки муассисаҳои коммуналӣ талош доранд, захираҳои мавҷудаи газро дар байни ҳамаи истеъмолкунандагон баробар тақсим кунанд, номураттабиҳо ба мушоҳида мерасанд.

    Ба хотири бо газу гармӣ таъмин намудани ҳарчи бештари хонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои ҳамаи мошинҳо, ба истиснои мошинҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, муваққатан баста шудаанд.

    "Маъмурияти шаҳр 24 соат дар як шабонарӯз барои бартараф кардани мушкилот кор мекунад ва хадамоти коммуналӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд", - омадааст дар гузориш.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates