Дар метрои Тошканд аз 1 декабр қабули жетонҳо барои роҳкиро қатъ меёбад

    Нақлиёт 25 Noyabr 2021 761

    Аз 1 декабри соли 2021 метрои Тошканд қабули жетонҳои пластикиро барои сафар қатъ мекунад. Дар ин бора хидмати матбуоти метрои пойтахт хабар додааст.

    «Ба муносибати ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи пардохти роҳкиро барои нақлиёти ҷамъиятӣ ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз 1 декабри соли 2021 метро қабули жетонҳоро барои сафар қатъ мекунад», -- гуфта мешавад дар хабар.

    Ёдовар мешавем, ки аз моҳи ноябри соли 2020 фурӯши жетонҳо барои мусофирон дар метрои Тошканд қатъ шуда, низоми автоматикунонидашудаи пардохт ҷорӣ карда шуд.

    «Барои қулайии кори низоми пардохт тамоми истгоҳҳои метрополитени Тошканд бо валидаторҳои статсионарие, ки имкони амалӣ намудани пардохтро тавассути NFC, инчунин қабули чиптаҳои QR-код, картаҳои нақлиётӣ ва бонкиро фароҳам меорад, муҷаҳҳаз гардонда шуданд", --изҳор намуданд дар вазорат.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates