Дар вилояти Тошканд дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Бурҷимулло сӯхтор ба амал омад

    Бехатарӣ 29 Avgust 2024 1104

    Дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд дар минтақаи ҷангалзор сӯхтор ба амал омад. Тафсилотро Раёсати умури изтирории вилоят ироа кардааст.

    Хабари сар задани сӯхтор дар заминҳои ҷангали ноҳияи Бӯстонлиқ ба шӯъбаи ҳолатҳои изтирорӣ рӯзи 29 август, тахминан соати 00:35 расидааст.

    Ба ҷои ҳодиса се гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ шитофтанд. Дар хомӯш кардани сӯхтор 30 наҷотдиҳанда ва 20 корманди хоҷагии ҷангали Бурҷимулло ширкат доштанд.

    Муайян карда шуд, ки сӯхтор дар маҳаллаи "Маърифат" дар ҳудуди тобеи хоҷагии ҷангали Бурҷимулло ба амал омадааст. Дар майдони 1,5 гектар алафи хушк ва шохаҳо сӯхт.

    Сӯхтор соати 01:50 пурра хомӯш карда шуд.

    Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса осебдидагон ва ҳалокшудагон ба қайд гирифта нашудааст.