Дар ин бора воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ хабар доданд.

Тибқи маълумот, бозори Ҷаннатобод дар наздикии маркази савдои «Ниёиш» ҷойгир аст. Сӯхтор дар анборе ба масоҳати тақрибан 2000 метри мураббаъ рух додааст, ки павилёнҳои савдо ва чандин бинои гуногунро дар бар мегирифт.

Азбаски сӯхтор густурда буд, онро аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Теҳрон дидан мумкин буд. Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол номаълум аст.

Намояндаи Садорати оташнишонии Теҳрон иттилоъ дод, ки ба маҳалли ҳодиса панҷ гурӯҳи оташнишонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мошинҳои оташнишонӣ ва баллонҳои оксиген, сафарбар карда шуданд, хабар медиҳад report.az.