Дар Тирмиз машқҳои муштараки ӯзбекистониву русиягӣ таҳти унвони "Ҷануб-2021" оғоз шуданд

    Сарҳади ҳарбӣ 3 Avgust 2021 1378

    Мувофиқи нақшаи ҳамкории ҳарбии байни вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия дар давраи аз 30 июл то 8 августи соли ҷорӣ дар машқгоҳи округи "Тирмиз" машқҳои муштараки ӯзбекистониву русиягӣ гузаронда мешаванд.

    2 август дар машқгоҳи "Тирмиз" маросими расмии кушоиши машқҳои муштараки ӯзбекистониву русиягии "Ҷануб-2021" баргузор гардид.

    Ҳадафҳои асосии машқҳои муштарак такмил додани низоми ҳамкорӣ байни мақомоти фармондеҳии ҳарбии ду кишвар ва табодули таҷриба дар масъалаҳои амният мебошанд.

    Дар маросими тантанавии кушоиши машқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тайёрии ҷангӣ полковник Қодирҷон Турсунов ва муовини сардори ситоди Округи марказии ҳарбии Федератсияи Русия генерал-майор Николай Терешенко ба сухан карда, бобати ҷанбаҳои асосии ҳамкории тарафайн ва мақсадҳои асосии машқ истода гузаштанд.

    Як рӯз пеш иштироккунандагони машқҳо мувофиқи нақша аз ҷойҳои шоёни диққати вилояти Сурхондарё дидан карданд. Аз ҷумла, Осорхонаи давлатии бостоншиносӣ ва маҷмӯаҳое, ки этнофарҳанги бойи Сурхонро инъикос мекунанд, дар меҳмонон таассуроти фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт, хабар медиҳад департаменти ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates