Дар Тирмиз маркази нави фароғатии "Iceberg" арзи вуҷуд намуд

    Фароғат 8 Iyun 2021 2470

    Дар Тирмиз маросими ифтитоҳи маркази фароғатии "ICEBERG", ки дорои майдончаи болопӯшидаи яхи сунъӣ мебошад, баргузор гардид.

    Дар маҷмааи чорошёна, ки дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ҳангоми сафар ба вилояти Сурхондарё 17-18 октябри соли 2019 сохта шудааст, барои бо аҳли оила ва дӯстон хушу пурмазмун гузарондани вақт тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

    Маркази замонавии фароғатӣ ба меҳмонон майдони яхбандӣ, супермаркет, хидмати бонкӣ, қариб 40 дӯкон, майдончаи бозии кӯдакон, тарабхона ва қаҳвахонаро пешниҳод мекунад. Маркази фароғатӣ аз ҷониби бинокорони ташкилоти махсусгардонидашудаи таъмиру сохтмон сари вақт ва бо сифати баланд сохта шудааст.

    -- Дар ин ҷо тақрибан 300 ҷойҳои корӣ муҳайё карда шуданд, -- мегӯяд директори маркази фароғатии "ICEBERG" X. Қодиров. -- Ҷолиби диққат аст, ки ҷавонписарон ва духтароне, ки ба "дафтари ҷавонон" ва "дафтари занон" дохил карда шудаанд, ба кор қабул карда шуданд. Ҳоло онҳо имкон доранд дар маркази тозаву озода кор кунанд ва ба буҷаи оила саҳми худро гузоранд.

    Дар чорабинии тантанавӣ ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки тамоми дигаргуниҳое, ки дар мамлакати мо солҳои охир ба амал омада истодаанд, ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рушди давлат нигаронида шудаанд ва ба фароҳам овардани шароит барои тарзи ҳаёти солим диққати махсус дода мешавад. Таъкид гардид, ки дар воҳа оид ба сохтмони иншооти калон корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

    Дар ошёнаи якуми марказ, ки 4,5 ҳазор метри мураббаъро фаро мегирад, барои яхмолакбозӣ, хоккей ва дигар бозиҳои варзишӣ майдончаи ях сохта, дар ин ҷо таҷҳизоти истеҳсоли Испания насб карда шуд. Барои сад ҷойи нишаст толоре ҳаст. Аттраксионҳо, тарабхона, нуқтаҳои савдо, қаҳвахонаҳо, ки дар ошёнаи чоруми марказ ҷойгиранд, метавонанд, соле ба ҳисоби миёна ба 60 ҳазор нафар одамон хизмат расонанд.

    Иштирокчиёни чорабинӣ бо роҳбарии ҳокими вилоят бо шароит ва фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонии маркази фароғатӣ шинос шуданд. Санъаткорони пойтахт барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates