Дар он инчунин раҳбари раёсати ПСС Ғ.Усмонов, корманди масъули шуъбаи содирот М.Ҳазратқулова иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Русия роҳбари гурӯҳи ширкатҳои ЭКСПО-КОНТРАКТ Г.Кварц ва директори «EXPO-CONTRACT Group» М.Ненашев иштирок доштанд.

Дар мулоқот намояндагони ширкати русӣ дар бораи фаъолияти худ маълумоти муфассал доданд.

Самти асосии фаъолияти ширкат ташкили чорабиниҳои конгрессию намоишӣ ва миссияҳои тиҷоратӣ, инчунин ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ мебошад.

Дар ҷараёни музокирот ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳаҷми интиқоли маҳсулоти рақобатпазир ба Бошқирдистон афзоиш ёбад.

Ба пешомади ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунии кадрҳо ва баланд бардоштани ихтисоси IT-мутахассисони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон  эътибори ҷудогона дода шуд.  

Ҳамчунин масъалаи баргузории форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Бошқирдистон низ баррасӣ шуд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар такони иловагӣ хоҳад дод.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи майи соли ҷорӣ сафари ҳайати доираҳои тиҷоратии Бошқирдистонро ба Ӯзбекистон ташкил кунанд.