Дар Туркия автобуси ҳомили сайёҳон чаппа шуд

    Як автобуси ҳомили сайёҳон дар наздикии шаҳри Невшеҳир дар маркази Туркия чаппа шуд ва бар асари он 18 нафар, аз ҷумла 15 сайёҳон захмӣ шуданд.

    Ба навиштаи рӯзномаи Sabah, автобус аз Невшеҳир, ки дар паҳлӯи он минтақаи машҳури сайёҳии Кападокия ҷойгир аст, ба сӯи Алания (музофоти Анталия) ҳаракат мекард.

    Тибқи маълумоти пешакӣ, ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин маҳрум шуда, боиси садама шудааст. Табибон ва пулис зуд ба ҷои ҳодиса расиданд. Ҷабрдидагон ба бемористон интиқол дода шуданд, хабар медиҳад tass.ru.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates