Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар натиҷаи садама микроавтобус чаппа шуда, ронандаи автобуси байнишаҳрӣ ба ҳалокат расидааст ва 13 мусофири дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ ва полис ба ҷои ҳодиса фиристода шуданд. Ба маҷрӯҳон дар ҷои ҳодиса ёрии аввалия расонида шуда, сипас ба беморхонаҳои наздик интиқол ёфтаанд.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад, хабар медиҳад report.az.








