Ба Ӯзбекистон аз ИМА зиёда аз 3 миллион доза ваксинаи "Moderna" интиқол дода шуд

    Имрӯз, 30 июл, ба Тошканд 3 миллиону 60 ҳазор доза ваксинаи бар зидди коронавирус "Moderna" оварда шуд.

    Ваксина ба воситаи барномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX ҷудо шуда, бо рейси махсус аз иёлати Алабама (ИМА) ба Тошканд ройгон оварда шудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.

    Ёрии инсонпарваронаро в аэропорти Ташкент шахсони расмии ду мамлакат ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ қабул карданд.

    «Moderna» - яке аз се ваксинаест, дар Иёлоти Муттаҳида васеъ истифода мешавад, яке аз панҷ васкинаест, ки СУТ эътироф намудааст.

    Шахсони расмии ИМА мегӯянд, ки ваксинаи мазкур дар мубориза бо инфексияи коронавирус беш аз 94 фоиз самарабахш аст.

    Пас аз расидани "Moderna" захираи умумии ваксинаҳо дар Ӯзбекистон 12 миллиону 580 ҳазору 60 дозаро ташкил дод. Аз ин миқдор 710 000 доза ваксинаи "AstraZeneca", 370 000 доза ваксинаи "Спутник V" ва 8,5 млн доза ваксинаи " ZF-UZ-VAC2001" мебошанд.

    То 28 июль дар Ӯзбекистон бар зидди коронавирус 6 982 431 доза ваксина истифода шуда, 1 149 687 пурра эм карда шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates