Дар Ӯзбекистон 3-9 октябр "Ҳафтаи куҳансолон" баргузор мегардад

    3 миллиону 162 ҳазор нафар аҳолии Ӯзбекистонро шахсони насли калонсол ташкил медиҳанд. Аз онҳо 221 нафарашон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, 9 965 иштирокдорони ҷабҳаи меҳнат, 22 745 нафар пиронсолони яккаву танҳо мебошанд, ки ба ғамхории дигар одамон эҳтиёҷ доранд.

    Дар ин бора дар брифинг дар АИКО бо иштироки сардори хидмати иттилоотии вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва насли калонсол Саодат Боймирзаева хабар дода шуд.

    Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба пиронсолон 1775 аробачаи маъюбӣ, 1489 дастгоҳи шунавоӣ, 2132 асо, 1016 айнак, 864 дигар воситаҳои офиятбахшӣ дода шуд. 475 124 нафар пиронсолон аз муоинаи амиқи тиббии ройгон гузаштанд.

    Аз 22 745 нафар пиронсолон ба 3 565 нафари ба парастории дигарон ниёзманд ва яккаву танҳо доруворӣ, 8 266 нафар озуқа, 3 785 нафар кумаки моддӣ дода шуда, инчунин манзили 168 нафар таъмир карда шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates