баннер
10 Apr 2025
10:13

    Дар Ӯзбекистон Донишгоҳи давлатии киберамният таъсис дода мешавад

    Таълим 24 Yanvar 2025 1546

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсиси Донишгоҳи давлатии «Cyber university»» қабул гардид (№ WП-14 аз 20.01.2025). Мутобиқи wарор, Донишгоҳи давлатии «Cyber university» таъсис дода мешавад.

    Яке аз вазифаҳои асосии донишгоҳ омода намудани кадрҳо дар соҳаи ҳифзи иттилоот, амнияти иттилоотӣ ва киберамният, технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, эҷоди системаҳои иттилоотию таҳлилӣ дар асоси зеҳни сунъӣ, робототехника ва дигар самтҳои марбут мебошад.

    Донишгоҳ муассисаи давлатии таҳсилоти олӣ буда, мустақилии пурраи академикӣ, молиявӣ ва ташкилӣ-идоракунӣ дорад. Ба хатмкардагон дипломи намунаи давлатӣ дода мешавад.

    Таҳсили донишҷӯён дар асоси грантҳои давлатӣ ва шартномавӣ амалӣ карда мешавад.

    Дар заминаи донишгоҳ ИТ-кластер (парки технологияҳои иттилоотӣ, технопарк) таъсис дода мешавад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти он эҷод ва татбиқи амалии лоиҳаҳои стартап, ки ба идеяҳои технологӣ ва инноватсионӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ равона шудаанд, муайян шудааст.

    Раванди таълим дар донишгоҳ аз моҳи сентябри соли 2025 оғоз меёбад.

    Our Telegram
    Text to speech