Дар Ўзбекистон Академияи дипломатӣ созмон дода мешавад

    Таълим 11 Yanvar 2023 1018

    Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми таълим, тайёр кардан ва такмили ихтисоси довталабони мансабҳои дипломатӣ дар Академияи дипломатияи назди Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия” қарор қабул намуд.

    Мувофиқи қарор дар пойгоҳи Мактаби олии дипломатияи назди Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия Академияи дипломатия созмон дода мешавад.

    Тартиби тайёр кардани номзадҳо ба мансабҳои дипломатӣ дар Академияи дипломатӣ дар Низомнома дар бораи ташкили тайёр кардани номзадҳо ба мансабҳои дипломатӣ дар назди Донишгоҳи иқтисодётии ҷаҳонӣ ва дипломатия муайян карда шудааст.

    Ба Академия шахсоне, ки ба захираи кадрӣ интихоб шудаанд, ба мақсади таъин намудан ба вазифаи зикршуда бинобар фармоиши Вазорати корҳои хориҷӣ фиристода мешаванд:

    Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

    Намояндаи доимии Ҷумҳурии Ўзбекистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

    Консули генералӣ, консул;

    Мушовир-намоянда, машваратчӣ (аз ҷумла оид ба масъалаҳои савдо ва иқтисод), котиби якум, котиби дуюм, котиби сеюм, атташе дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои назди намояндагиҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ.

    Курсҳои омӯзишӣ аз рӯи омӯзиши анъанавӣ ва фосилавӣ гузаронида мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates