Дар Ўзбекистон духтарон ҳуқуқи дохил шудан ба "Мактаби Темурбекҳо"-ро гирифтанд

    Таълим 31 Oktabr 2023 2561

    Бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҚП № 349 аз 30 октябри соли 2023) ба баъзе қарорҳо иловаву тағйирот ворид карда шуданд.

    Мутаносибан:

    аз соли таҳсили 2024/2025 ба литсейи ҳарбиву академикии "Мактаби Темурбекҳо"-и Тошканди Гвардияи миллӣ шаҳрвандони ҷинси латифи Ӯзбекистон қабул карда мешаванд;

    маоши коргарон ва хизматчиёни Маркази психологияи бачагонаи Сарраёсати посбонии Гвардияи миллй зиёд карда мешавад.

    Ҳамчунин, аз ҳисоби Сарраёсати посбонии Гвардияи миллӣ дар иншоотҳои зершуъбаҳо ва қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ стансияҳои фотоэлектрикии офтобӣ ва дастгоҳҳои обгармкунии офтобӣ тадриҷан насб карда мешаванд, хабар медиҳад Вазорати адлия.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates