Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, 24 феврал дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм, 25 феврал дар қисмати боқимондаи ҷумҳурӣ боришот (борон, барф) мешавад, дар баъзе ҷойҳои ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ боришот шиддат мегирад.
24-25 феврал дар баъзе ҷойҳои саросари ҷумҳурӣ эҳтимол вазиши шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат гирад.
Рӯзҳои 25-26 феврал шабона то 0-5 дараҷа хунук, дар шимоли ҷумҳурӣ то 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона то 0-5 дараҷа гарм шудани ҳарорат дар назар аст.