. Мувофиқи Низомнома, қабул ба бакалавриати мактабҳои олӣ ин тавр ба роҳ монда мешавад:

·        бо гранти давлатӣ, аз ҷумла грантҳои таълимӣ барои самтҳои бакалавриат, ки бо ҳуҷҷатҳои Президенти кишвар тасдиқ шудаанд;

·        тибқи параметрҳои умумии қабул, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии қабули шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ мегарданд.

·        Имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ду қисм иборатанд:

қисми аввал – санҷишҳои тестӣ барои ҳамаи самтҳои бакалавриат, ки се фанро дар бар мегиранд: забони модарӣ, математика ва таърихи Ӯзбекистон.

қисми дуюм – санҷишҳои тестӣ аз ду фан, ки ба самти интихобкардаи довталаб мувофиқанд, ё имтиҳонҳои касбӣ (эҷодӣ).

·        Раванди қабул дар ду марҳила мегузарад:

·        марҳилаи аввал (аз 5 то 25 июн) – интихоби маҷмӯи фанҳо, забони таълим ва минтақаи супоридани имтиҳонҳои тестӣ.

·        марҳилаи дуюм (дар давоми 15 рӯз баъди анҷоми имтиҳонҳои тестӣ) – интихоби Донишгоҳ, самти бакалавриат, шакли таҳсил ва авлавияти интихоби самт.

Маълумот оид ба холҳои гирифтаи довталаб рӯзи дигари баъди супоридани имтиҳонҳои тестӣ эълон мегардад.

Натиҷаҳои ниҳоӣ – довталаб ба сафи донишҷӯён тавсия шудааст ё не – дар давоми як ҳафта пас аз анҷоми марҳилаи дуюми қабул дар сомонаи расмии Агентии баҳодиҳии дониш ва малакаҳо нашр мешаванд.