Дар Ӯзбекистон баргузор намудани шабеҳи чорабинии “Ҳафтаи ритейли Русия” ба нақша гирифта шудааст

    Тиҷорат 15 Dekabr 2023 2031

    14 декабри соли ҷорӣ дар Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон бо раисии Раёсати Ассотсиатсияи коршиносони бозори ритейли Русия Андрей Карпов ва ноиби президенти "Такягоҳи Русия", президенти Ассотсиатсияи савдои хурд Владлен Максимов мулоқот баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ ҷониби Русия пешниҳод намуд, ки дар Ӯзбекистон шабеҳи чорабинии «Ҳафтаи ритейли Русия» дар доираи чорабинии «Central Asia Retail Week» бо иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ ва содиркунандагони Ӯзбекистон баргузор карда шавад. Дар замири ин пешниҳод минбаъд вусъат додани иқтидори содиротии Ӯзбекистон ва ва барқарор намудани робитаҳои мустақим бо содиркунандагони Русия ниҳон аст.

    Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карда, омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҳарду ҷониб изҳор дошт.

    Дар натиҷаи мулоқот дар семоҳаи дуюми соли 2024 сафари ҳайати беш аз 20 корхонаи бузурги содиркунандаи Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва табодули таҷриба байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат дар назар аст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates