Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли мошинҳои барқии Geely-и чиниро оғоз кунад

    Нақлиёт 7 Dekabr 2023 2255

    Дар вилояти Тошканд имкони ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои электрикии Geely-и Чин баррасӣ мешавад. Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти маҳаллӣ хабар медиҳад.

    Ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзаев бо намояндагони ширкати Geely Auto дар музофоти Шандун имкони роҳандозии истеҳсоли мошинҳои электрикиро баррасӣ кард. Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар соли 2024 ба тавофуқи аввалия расиданд.

    Дар марҳалаи аввал бунёди сехи васлкунӣ ва дар марҳилаи дуюм истеҳсоли мошинҳои электрикӣ ба роҳ монда мешавад.

    Geely Auto як бренди автомобилии чинӣ аст, ки бахше аз ширкати Geely Holding Group мебошад, ки соли 1986 таъсис ёфтааст. Бренди чинӣ ният дорад шабакаи дилерҳои худро дар Ӯзбекистон бо ифтитоҳи марказҳои нави диллерӣ 3S дар шаҳрҳои бузург дар солҳои наздик густариш диҳад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates