Дар доираи ин моҳ, хонандагон, донишҷӯён ва ҷавонони синнашон аз 7 то 30 сола метавонанд ба ҷойҳо ҷолиби диққати ҷумҳуриамон сафарҳо анҷом диҳанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи моҳона воситаҳои ҷойгиркунии ҷумҳурӣ то 20 фоиз тахфиф пешниҳод мекунанд.
Инчунин муайян шудааст, ки ҷавонон метавонанд як қатор осорхонаҳо ва маконҳои зиёратиро, ки ба ихтиёри Бунёди хайриявии «Вақф» дохил мешаванд, бо тахфифи 10% тамошо намоянд.
Ғайр аз ин, дар доираи моҳ рӯйхати чорабиниҳои консертӣ-фароғатӣ ва варзишӣ тартиб дода шудааст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ бо мақсади фароҳам овардани истироҳати мазмуннок барои ҷавонон дар мавсими таътил баргузор мегарданд.
Қайд кардан лозим аст, ки «Моҳи туризми ҷавонон» мутобиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 апрели соли 2022, № ҚП-232 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хизматрасониҳои туризми дохилӣ» баргузор карда мешавад.








