Аз 1 сентябр дар Ӯзбекистон мактаббачагон метавонанд бепул ба осорхонаҳо раванд

    Фарҳанг 29 Avgust 2023 2818

    Мактаббачагон аз 1 сентябр ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо, музейҳои давлатӣ ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриро бепул тамошо карда метавонанд. Ҷавонони ӯзбекистонӣ то синни 18-солагӣ метавонанд аз осори фарҳангӣ дидан кунанд.

    Ба мақсади татбиқи меъёрҳо оиди дар бачаҳо ва ҷавонон ташаккул додани пайравӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан, ки дар моддаи 78 уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, тартиби бепул ба объектҳои мероси маданӣ, аз он ҷумла намоишгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо, инчунин музейҳои давлатӣ даромадани кӯдакони то 18-сола, ки шаҳрвандони ҷумҳурият мебошанд, ҷорӣ карда мешавад.

    Меъёри мазкур барои дастгирии фаъолияти музейҳои Ӯзбекистон, оммавӣ гардондани коллексияҳои музейҳо, мероси бои таърихию мадании мо, ки бо таърихи халқу давлатдории ӯзбек, ҳаёт ва фаъолияти олимони бузург алоқаманд аст, асоси мустаҳкам фароҳам меорад.

    Тибқи ин санад, аз 1 сентябри соли ҷорӣ дастрасии ройгон ба объектҳо бо тартиби зерин сурат мегирад: кӯдаконе, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ буда, ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, ба муассисаҳои фарҳангӣ ройгон роҳ дода мешаванд:

    дар доираи «Ҳафтаи осорхонаҳо», ки ҳар сол 2-8 сентябр баргузор мегардад;

    дар доираи "Дарҳои кушод" рӯзи якшанбеи аввали ҳар моҳ;

    ҳар сешанбе ва ҷумъаи ҳафта.

    Дар баробари ин, кӯдакони то синни 18-соларо, ки ба аёдат меоянд, бояд ба кассаи муассисаҳои дахлдор шиноснома ё шаҳодатномаи тасдиқкунандаи санаи таваллуди онҳоро пешниҳод кунанд. Санъатдустони чавони то 18-сола метавонанд гурӯҳ-гурӯҳ ва ё алоҳида ба марказҳои фарҳангӣ ташриф оранд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates