Тибқи маълумоти Узгидромет, ҳарорати ҳаво шабона 18-23°, рӯзона 32-37° ва дар ҷануб то 40-42° гарм хоҳад шуд.
Дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст, танҳо дар баъзе рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони Ӯзбекистон, инчунин 13 июл дар ноҳияҳои водии Фарғона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
13-15 июл дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ эҳтимол вазиши шамол то 15-20 м/с расад.