Дар Ӯзбекистон Агентии танзими телекоммуникатсия таъсис дода мешавад

    Рақамисозӣ 26 Avgust 2025 794

    Бо фармони Президент аз 21.08.2025, № ФП-142 чораҳо оид ба такмили низоми танзим дар соҳаи телекоммуникатсия, ки ба ташаккули муҳити озоди рақобат ва баланд бардоштани минбаъдаи сифати хизматрасониҳо равона шудаанд, муайян гардиданд.

    Бо мақсади такмил додани идоракунии давлатӣ дар соҳа Агентии танзими телекоммуникатсия таъсис дода мешавад.

    Мутобиқи моддаҳои 9 ва 11 Қонун «Дар бораи телекоммуникатсия» Вазорати технологияҳои рақамӣ мақоми ваколатдори давлатӣ, ва Агентӣ бошад мақоми танзимкунанда дар соҳаи телекоммуникатсия ба ҳисоб меравад.

    Агентӣ назоратро аз болои мутобиқати сифати хизматрасониҳое, ки операторон ва провайдерҳо мерасонанд, ба талаботи муқарраршуда анҷом медиҳад. Он аз ҷиҳати молиявӣ ва қабули қарорҳо дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, аз рӯи фаъолият ба Девони Вазирон тобеъ мебошад. Теъдоди воҳидҳои кории ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ ба миқдори 31 нафар муайян шуда, аз ҳисоби воҳидҳои кории Вазорати технологияҳои рақамӣ ва Кумитаи хазинадории назди Вазорати иқтисод ва молия ташкил дода мешавад.

    Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти Агентӣ:

    · дар соли 2025 — аз ҳисоби Фонди рушди технологияҳои рақамӣ;

    · аз соли 2026 сар карда — аз ҳисоби Буҷети давлатӣ;

    · 5 % қисми воридот аз боҷи давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо оид ба фаъолияти соҳаҳои телекоммуникатсия;

    · дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузорӣ нашр шуда, аз 23.08.2025 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates