баннер
19 Apr 2025
17:19

    Дар Ӯзбекистон барои фаъолияти литсензионии крипто-активҳо нарх муқаррар гардид

    Молия 19 Dekabr 2024 1811

    Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фармон (№3584-ро аз 17 декабри соли 2024) «Дар бораи муайян кардани миқдори боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома барои фаъолияти провайдерҳои хидматрасонӣ дар соҳаи муомилоти крипто-активҳо»-ро ба қайд гирифт.

    Бар асоси фармон, миқдори боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома барои фаъолияти провайдерҳои хидматрасонӣ дар соҳаи муомилоти крипто-активҳо дар миқдори зерин муайян шудааст:

    · биржаи крипто - 73,4 ҳазор ААҲ (27,5 миллиард сӯм);

    · майнинг пул - 3 ҳазор ААҲ (1,1 миллиард сӯм);

    · крипто-депозитария - 7 ҳазор ААҲ (2,6 миллиард сӯм);

    · крипто - дӯкон 3,7 ҳазор ААҲ (1,4 миллиард сӯм).

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузорӣ нашр гардида, аз 18 декабри соли 2024 эътибор пайдо кард, хабар медиҳад «Norma».


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech