Соли 2023 дар Ӯзбекистон ҳафт неругоҳи нав ба кор медарояд

    Энергетика 1 Fevral 2023 1457

    Дар мамлакати мо дар давоми сол ҳафт неругоҳи нави барқӣ (аз ҷумла як неругоҳи барқии гармӣ, як неругоҳи барқии бодӣ, се неругоҳи барқии офтобӣ ва ду неругоҳи барқии обӣ) ба кор андохта мешавад. Иқтидори умумӣ 2910,6 МВтро ташкил медиҳад.

    Бинобар хабари хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба кор даровардани инҳо ба нақша гирифта шудааст:

    неругоҳи замонавии барқии ҳароратии иқтидораш 1500 МВт дар Ширини вилояти Сирдарё;

    неругоҳи бодии иқтидораш 500 МВт дар ноҳияи Томдии вилояти Навоӣ;

    неругоҳи фотоэлектрикии офтобии иқтидораш 457 МВт дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё;

    неругоҳи офтобии иқтидораш 220 МВт дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд;

    неругоҳи офтобии иқтидораш 220 МВт дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах.

    Лоиҳаҳоро ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби сармоягузории мустақим амалӣ мекунанд.

    Дар вилояти Самарқанд ду неругоҳи барқии ҳароратии иқтидораш 13,6 МВт ба кор медарояд. Дар ин ҷо неругоҳи барқии обии Тӯпаланг низ нав карда, иқтидори он аз 30 МВт ба 175 МВт расонда мешавад.

    Дар соли 2022 дар кишвар ҳафт неругоҳи нав бо иқтидори умумии 1474 МВт ба кор шурӯъ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates