Тибқи он, бо мақсади ошкорсозии барвақтии нуқсонҳои рушди ҷисмонӣ ва зеҳнӣ ва фарогирии саривақтии онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, то 1 июни соли 2026 хизматрасонии «Мудохилаи барвақтӣ» марҳила ба марҳила ҷорӣ мегардад.
Дар доираи ин хизматрасонӣ:
ба кӯдакони то се сола, ки дорои маъюбият ё нуқсонҳои рушд мебошанд, хизматрасониҳо аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатие пешниҳод мегарданд, ки ба феҳристи махсуси электронӣ ворид шудаанд. Пешбурди ин феҳрист аз ҷониби Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар низоми иттилоотии «Ҳифзи иҷтимоии ягонаи миллӣ» амалӣ карда мешавад;
ба кӯдакон аз ҷониби омӯзгорони махсус кӯмаки педагогии ислоҳӣ-рушддиҳанда расонида мешавад, инчунин аз ҷониби инструкторони тарбияи ҷисмонии табобатӣ машғулиятҳои мукаммали барқарорсозӣ гузаронида мешаванд;
хароҷоти марбут ба муоинаҳои иловагии тиббӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ барои кӯдаконе, ки нуқсонҳои анатомӣ ва нишонаҳои возеҳи маъюбӣ доранд, аз ҷониби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ пӯшонида мешаванд.