Ин вазъ то нимаи ҳафта идома меёбад, дар аксари минтақаҳо ҳаво бидуни боришот боқӣ мемонад, заминаи ҳарорат баланд боқӣ мемонад -- шабона 7-12°C, рӯзона 22-27°C. Танҳо ба минтақаҳои шимолии ҷумҳурӣ рӯзи чоршанбе массаи ҳавои хунук ва намнок аз Поволжия ворид мешавад. Дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм борон меборад ва ҳарорат паст мегардад.

Бинобар маълумоти «Узгидромет» рӯзи панҷшанбе ҳавои наму сард ба тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ паҳн мешавад. Дар аксари минтақаҳо борон меборад. Дар минтақаи дуртарини шарқӣ  дар шомгоҳон боришот оғоз меёбад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон,  вилояти Хоразм ҳавои бебориш боқӣ мемонад, ҳарорати ҳаво рӯзона то 13-18 дараҷа гарм поён меравад, ки аз меъёр 2-4 дараҷа паст аст.

Рӯзи ҷумъа дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё, Сурхондарё борон шабона ва саҳар идома хоҳад ёфт. Дар Андиҷон, Намангон, Фарғона рӯзона борон меборад. Дар қаламрави боқимондаи ҷумҳурӣ бориш намешавад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад буд, ки аз меъёри иқлим 6-7 дараҷа паст мебошад.

Рӯзҳои 21-22 октябр дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ҷойҳо сахт меборад.

21-23 октябр дар ҷумҳурӣ шамол то 15-20 м / с мевазад.

22-23 октябр дар ноҳияҳои дурдасти Ўзбекистон эҳтимоли абрнок шудани ҳаво ҳаст.