Дар Ӯзбекистон парвозҳои "Фарғона - Урганч - Фарғона" барқарор карда шуданд

    Нақлиёт 13 May 2022 925

    Ба мақсади фароҳам овардани қулайӣ ба сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ, ки ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар аз 4 майи соли 2022 хатсайри "Фарғона-Урганч-Фарғона" барқарор карда шуд.

    Корҳои мазкур дар натиҷаи супориши Президент Шавкат Мирзиёев 26 апрели соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ дар бораи чораҳои густариши соҳаи хидмати сайёҳӣ ва рушди инфрасохтор барои роҳандозии парвозҳои ҳавоӣ бинобар хатсайри "Фарғона-Урганч-Фарғона" анҷом дода шуданд.

    11 май сайёҳон аз чанд ноҳияи вилояти Фарғона аз фурудгоҳи байналмилалии Фарғона ба Урганч парвоз карданд. Ин гурӯҳ аз ҷониби ширкати сайёҳии «Vodiy sayyoh» ташкил шуда, асосан аз омӯзгорону мураббиён иборат буд. Гурӯҳи 50-нафараи сайёҳон дар давоми шаш рӯз дар шаҳрҳои Урганч, Хива, Нуқус ва Мӯйнок ба тамошои ҷойҳои ҷолиби диққат, музейҳо ва дигар объектҳо рафтанд.

    Хатсайрҳои "Фарғона - Урганч - Фарғона" рӯзҳои чоршанбе мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда анҷом дода мешаванд. Дар оянда боз зиёд кардани шумораи парвозҳо пешбинӣ карда шудааст.

    Барои маълумоти иловагӣ метавон бо аэропорти байналмилалии Фарғона ва операторони сайёҳии минтақавӣ муроҷиат кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates