Дар Хева ҷашнвораи «Сайли харбуза» баргузор мегардад

    Сайёҳӣ 6 Iyul 2023 2489

    Ба мақсади васеъ пеш бурдани иқтидори сайёҳии кишварамон, аз он ҷумла афзун гардондани шумораи сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ, ки ба вилояти Хоразм ташриф меоранд, дар давраи аз 12 то 13 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди осорхона-мамнӯъгоҳи “Ичан қалъа” дар шаҳри Хева ҷашнвораи “Сайли харбуза” ташкил карда мешавад.

    Мақсади чорабинӣ, ки якҷоя бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Хоразм гузаронда мешавад, намоиши иқтидори агросайёҳии Хоразм, оммавӣ гардондани таҷрибаи қадимии воҳа оид ба маҳулоти полизӣ, харбузаву тарбузи шаҳду шакар, номгӯву намудҳои беназири меваву сабзавот мебошад.

    Дар ин ҷо даҳҳо навъҳои харбузаи ширини маҳаллӣ, аз қабили «Гурвак», «Киличбой Бешак», «Кари киз», «Туя ковун», «Туёна», «Ола замча», «Хорезм ок новвоти», «Кук гулоби», «Бурикалла» намоиш дода мешавад.

    Илова бар ин, намоишгоҳи меваю сабзавоти гуногун, харбуза, маҳсулоти қаннодӣ ва маҳсулоти занбӯри асалпарварӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ ва моҳидорӣ ташкил карда мешавад.

    Дар чаҳорчӯби ҷашнвора ҳамчунин барномаҳои консертӣ, намоиши осори санъати тасвирӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши дорбозӣ, намоиши хону аёнҳо, театрҳои лӯхтак, дарсҳои маҳорати пухтани таомҳои миллӣ, дарсҳои маҳорат оид ба пухтани нони хоразмӣ, намоишгоҳи либосҳои миллӣ, намоишҳои зинда дар саҳна ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates