Дар Хива ҷашни анъанавии “Иди харбуза” оғоз мегардад

    Фарҳанг 8 Avgust 2025 1666

    Имрӯз, 8 август, дар маҷмааҳои “Ичан-Қалъа” ва “Арда Хива”-и шаҳри Хива ҷашни анъанавии “Иди харбуза” оғоз мешавад.

    Ҷашни ҳарсолаи харбуза як чорабинии нодир ба ҳисоб меравад, ки беҳтарин навъҳои харбузаи ширин, анъанаҳои миллӣ ва меҳмоннавозии ӯзбекиро дар худ муттаҳид мекунад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Меҳмонон метавонанд аз навъҳои нодири харбузаи хивагӣ чашидан кунанд, инчунин аз бозиҳои мардумӣ, консертҳо, бозорҳои ҳунарҳои мардумӣ ва фазои ҳақиқии ҷашни шарқӣ баҳравар шаванд.

    Барномаҳои театрии саҳнавӣ, театри лӯхтак, намоиши либосҳои миллӣ, намоишгоҳҳои таомҳои миллӣ, нони хоразмӣ ва ҳунарҳои дастӣ, баромадҳои зиндаи гурӯҳҳои ҳунарии касбӣ ва фолклорӣ, дарсҳои маҳорат ва намоишгоҳи асарҳои санъати тасвирӣ ва татбиқӣ ташкил карда мешаванд.

    Чорабиниҳои асосии ҷашн рӯзи 8–9 август дар маҷмааи “Ичан-Қалъа” ва рӯзи 10 август дар “Арда Хива” баргузор мегарданд. Дар доираи ҷашн консертҳои бошукӯҳ бо иштироки ситораҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ барпо мегардад.

    Ин ҷашн сол то сол шумораи бештари меҳмононро аз минтақаҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар ҷалб менамояд ва мақоми худро ҳамчун як воқеаи муҳими фарҳангии кишвар тасдиқ мекунад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates