Дар вилояти Хоразм НБГ-и иқтидоаш 174 МВт ба кор даромад

    Энергетика 11 Mart 2022 1445

    10 марти соли равон неругоҳи нави барқии гузупоршнии иқтидораш 174 МВт дар вилояти Хоразм ба истифода супурда, ба бо қувваи барқ таъмин намудани низоми ягонаи энергетикии Ўзбекистон шурӯъ кард.

    Лоиҳаро ширкати туркии "Odash Enerji CA" амалӣ кардааст.

    Неругоҳи барқие, ки дар ноҳияи Янгиариқ сохта шудааст, соле 1,4 миллиард киловатт-соат қувваи барқ ҳосил мекунад. Аз ҳисоби самаранокии баланди таҷҳизоти лоиҳавӣ соле 175 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад.

    Аз гази табиии сарфашуда ба таври илова 800 миллион киловатт-соат қувваи барқ ҳосил кардан мумкин аст, ки он соле 350 ҳазор хонаро таъмин карда метавонад.

    Лоиҳа бо арзиши 105 миллион доллар пурра аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ - ширкати "Odash Enerji CA" маблағгузорӣ шудааст. Дар рафти сохтмон 350 нафар коргарон ҷалб гардида, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа дар ноҳия 60 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

    Лоиҳаи мазкур дар асоси шарикии давлатию хусусӣ мутобиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 июли соли 2021 № ҚП-5195 татбиқ гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энеогетика.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates