Бино ба маълумоти ширкати роҳи оҳани “JR Hokkaido”, бар асари бориши шадиди барф дар ҷазираи Ҳоккайдо қариб 1000 ҳаракати қатораҳо бекор гардид ё бо таъхир гузошта шуд.

Тибқи маълумоти оператори роҳи оҳан, 25 январ ҳаракати 545 қатора ва 26 январ боз 405 қатораи дигар бекор гардид ё ба дер гузошта шуд. Ҳамин тавр, дар давоми ду рӯз ҳамагӣ 950 ҳаракати қатора бекор ё ба таъхир афтод. Ин ҳолат ба зиёда аз 140 ҳазор мусофир нороҳатӣ эҷод кард.

Таъхирҳо то шоми 26 январ идома ёфтанд, хабар медиҳад report.az.